Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пайи баҳси хона. Хусур ба кунҷи зиндон рафт, келин ба... қабр


Додгоҳи Кӯлоб як сокини ин минтақаро барои бо панҷ зарби корд куштани келинаш ба 19 соли зиндон маҳкум кардааст. Қатли Нилуфар Алиҷонова тобистони соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Додгоҳи Кӯлоб сокини ин минтақа Саид Аҳмадовро барои қатли келини 23-солааш нуздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Нилуфар Алиҷонова -- сокини деҳаи Навободи Кӯлоб бар асоси қарори додгоҳ аз писари Саид Аҳмадов ҷудо шуда, аммо ба далели надоштани ҷойи истиқомат ҳамроҳи ду фарзанди кӯчакаш дар хонаи онҳо ҷойгир шуда буд. Ӯ моҳи июли соли ҷорӣ аз ҷониби хусураш бо панҷ зарби корд кушта шуд.

Дар пайи ин ҳодиса додситони шаҳри Кӯлоб нисбат ба Саид Аҳмадов бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “е” ва “к” ва 255, қисми 1, яъне куштор парвандаи ҷиноӣ боз кард. Мурод, яке аз наздикони Саид Аҳмадов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздиконаш аз болои ҳукми додгоҳи Кӯлоб шикоят хоҳанд бурд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, оқои Аҳмадов дар ҳоле келинашро бо панҷ зарби корд ба қатл расондааст, ки борҳо аз ӯ хостааст, то хонаашро ба хубӣ тарк намояд.

“Ин духтар гоҳе мусиқӣ гӯш мекардааст. Акаи Саид чанд бор хостааст, ки садои мусиқиро паст кунад. Дар пайи ин ҷанҷол шуда, акаи Саид кордро гирифта, ба бадани ӯ задааст,” – афзуд мусоҳиби мо.

Пеш аз ин, адвокат Назиров, ки аз ҳуқуқи Саид Аҳмадов, сокини рустои Навободи Кӯлоб дар додгоҳ ҳимоят мекард, гуфта буд, нафари таҳти ҳимояташ ба ин куштор на барқасдона, балки бар асари асабонияти пайваста ва дар манзилаш зистани як зани номаҳрам даст задааст. Қотили Нилуфар дар бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ҳузури келини пешинаш - зани ҳамакнун барои ӯву писараш номаҳрам дар хона ӯро “девона” кардааст. Ҳарчанд, ба иқрори мардуми маҳалла, Саид Аҳмадов бештар аз пойфишории Нилуфар барои тақсими хона сахт хашмгин шуда буд.

Зиндагии Нилуфари 23-сола дар хонаи шавҳари собиқаш (баъди талоқ гирифтан) ҳамагӣ ду моҳ давом кардааст. Зимнан бар асоси Кодекси манзил ва Кодекси оилаи Тоҷикистон, зан пас аз гирифтани талоқ дар сурати доштани фарзанд ҳақ дорад, дар он манзиле, ки ҳамчун келин ворид шуда буд, маскун шавад.

Баъди ду ҳафтаи қатли Алиҷонова дар Кӯлоб аз сӯи хусураш, Нигина Ҳасанова - як сокини дигари минтақа аз болои падаршӯяш ба пулис шикоят кард ва гуфт, ӯро бо деги компот сӯзондааст. Ҳасанова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ низ дар хонаи ҳамсараш маскун шуда буд, аммо падаршӯ ва волидайн ӯро намегузоштанд, ки дар хонае, ки аз сӯи додгоҳ маскун шуда буд, ба сар барад.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 13 июли соли ҷорӣ, ҳангоми нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки ба додрасҳо супориш шудааст, то дар 6 моҳи оянда баҳсҳои маскуншавиро ба таври махсус биомӯзанд ва дар ниҳоят роҳи ҳалли чунин баҳсҳоро пешниҳод кунанд. Ӯ гуфт, аз ҳоло ба додрасҳо супориш шудааст, ки вақте ариза дар бораи бекоркунии никоҳро мегиранд, ҳамзамон аз ҷонибҳо даъват кунанд, ки баҳсҳои алимент ва молу мулкиро низ матраҳ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран пас аз як соли талоқ даъвои молу мулк ва алимент мекунанд.

XS
SM
MD
LG