Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Алмаз-Антей" натиҷаҳои таҳқиқашонро нашр мекунад


Як ширкати аслиҳасозии Русия, ки мушаки замин ба ҳавои Бук-ро месозад, рӯзи 13-уми октябр гузоришеро дар бораи суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия нашр мекунад ва маҳз дар рӯзе, ки мутассадиёни амнияти ҳавопаймоии Ҳолланд низ натиҷаҳои таҳқиқоташонро нашр мекунанд. Ширкати “Алмаз-Антей” рӯзи 8-уми октябр бо нашри баёния гуфт, ки барои таҳқиқи ҳамин ҳодиса як мушаки Букро “дар шароити воқеӣ” дар зери як ҳавопаймҳои ғайриқобили истифода таркондааст. Ба гуфтаи ширкат, натиҷаҳои муқаддамотии озмоиш хулосаҳои ширкат дар моҳи июнро собит кард, ки дар воқеъ ҳавопаймои мусофирбари Боинги Малайзияро бо мушаки Бук аз минтақаи таҳти контроли нерӯҳои Украина задаанд. Мутассадиёни амнияти ҳавопаймоии Ҳолланд ҳам моҳи июл гуфтанд, ки натиҷаҳои пешакии таҳқиқ нишон додааст, ки мушаки Бук-ро аз минтақаи таҳти контроли ҷудоиталабони тарафдори Русия задаанд. Русия мегӯяд, ба ҷудоиталабон ингуна мушак надодааст. Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои МН17 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар рӯзи 17-уми июли соли 2014, 298 нафар ва аксаран шаҳрвандони Ҳолланд кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG