Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркишҳои Анкара 30 нафар кушта шудаанд


Дар ду таркиши қавӣ дар як истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Анкара пойтахти Туркия 30 нафар кушта шудаанд. Дар таркишҳои рӯзи 10-уми октябр, ки дар наздикии истгоҳи асосии роҳи оҳани Анкара сурат гирифтааст, ва 126 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳукумати Туркия таркишҳоро “ҳамлаҳои террористӣ” хонд ва гуфт, ки зоҳиран бомбгузорони маргталаб ин корро кардаанд. Хабарнигори “Ройтерс” мегӯяд, ки 15 ҷасадро худаш дар маҳалли ҳодиса дидааст. Таркишҳо пеш аз “раҳпаймоии сулҳ” ба вуқӯъ пайваст, ки ҳадафи он фишор ба ҳукумат аст, ки муноқиша ба шӯришиёни курд дар ҷанубуғарби Туркияро ҳал кунад.

XS
SM
MD
LG