Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ба зудӣ ҳодисаи зарбу латти як хонанда аз сӯи омӯзгор, ки навори видеоияш баҳсҳои мухталифро ба бор овардааст, дақиқ хоҳад кард.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи омӯзгоре пардохтааст, ки дар як навори 15-сониягӣ яке аз шогирдонашро зоҳиран барои дермонӣ ба дарс "гӯшмол" додааст. Ин навор тавассути хонандагон пинҳонӣ сабт шуда, рӯзи ҷумъаи 9 октябр ба шабакаи Ютуб роҳ ёфт ва то кунун бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.

Дар навор дида мешавад, ки омӯзгор хашмгин аст ва гоҳе ба сару рӯй ва шиками талаба зада, гоҳе дигар гӯшашро мекашад:

"-Чаро дер кардӣ? Падарлаънат, ту-ку аз отат метарсӣ...

-Муаллим, ба ҳоҷатхона рафтем. Наравем? Назан муаллим, сарам дард мекунад..."

Номи ин омӯзгор ва мактабе, ки ҳодиса дар он ҷо сурат гирифтааст, рӯшан нест. Абдуҷаббор Алиев -- сардори Раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 10 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин наворро мавриди муҳокима қарор дода, асли қазияро дақиқ ва натиҷаашро баъдан тариқи расонаҳо эълон хоҳанд кард. Ӯ гуфт, муаллимон ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи латту кӯби хонандагонро надоранд ва чунин рафтор хилофи қонун буда, “амали ғайрипедагогист”.

​Ин масъули Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ҳамин рӯз фаврӣ ба тамоми сохторҳои вазорат нома фиристода, талаб кардаанд, то дар кадом мактаб рух додани ҳодисаро мушаххас намоянд. "Шахсан ин қазияро пайгирӣ мекунам ва дақиқ менамоем, ки омӯзгори кадом мактаб ба чунин кори паст даст задааст. Агар он чизе, ки дар навор ҳаст, рост бошад, ин хеле бад аст. Зеро ин мутахассис набудани педагогро нишон медиҳад," – афзуд Абдуҷаббор Алиев.

Соҳибназар Сафаров, муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, низ мегӯяд, ба тамоми раҳбарони мактабҳои пойтахт дастур шудааст, ки навори мазкурро бубинанд ва агар муаллим аз муассисаҳои пойтахт бошад, ба мақомоти зирабт хабар диҳанд. Ба гуфтаи Сафаров, то ҳоли ҳозир аз ҳеч муассисаи Душанбе хабар нарасидааст, ки ин омӯзгори муассисаҳои пойтахт аст, ё на.

Соли гузашта низ айни ҳамин гуна навор дар интернет нашр шуда буд. Он вақт гуфта мешуд ҳодисаи мазкур дар мактабҳои пойтахт сар задааст. Вале пас аз таҳқиқи Вазорати маориф ва илм маълум гардид, ки латту кӯби хонанда аз сӯи омӯзгор на дар пойтахт, балки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ шудааст. Ба ин далел масъулони Раёсати маорифи Душанбе мегӯянд, то муайян шудани шахсияти омӯзгор бояд сабр кард.

Ин баҳс ҳоло дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ идома дорад ва бисёре аз корбарон аз чунин рафтори муаллим изҳори нороҳатӣ кардаанд. Аз ҷумла, Фирӯз Баротов, хабарнигори тоҷик дар Фейсбук навиштааст, дар ояндаи начандон дур се писарашро ба мактаб доданист, то дар он ҷо таълиму тарбия гиранд. Вале мегӯяд ӯ, “ҳеч намехоҳам омӯзгоре фарзанди маро латту кӯб кунад. Боз омӯзгорону зиёиён аз ҷавонон меноланд, ки чаро онҳо бераҳманд? Охир ҷавоне, ки дар оила, мактаб ва ҷомеъа дар муҳити зӯроварӣ ва хушунат ба воя расад аз вай чиро боз интизор метавон буд?”

Аммо иддае дигар низ иброз доштаанд, ки "ҳеч гап надорад".

Раҳима Боеваи 60 сола, ки тамоми умр ба ҳайси омӯзгор кор карда ва ҳоло бознишаста аст, мегӯяд латту кӯб шудани хонанда аз тарафи омӯзгор хеле бад аст. Аммо афзуд ӯ, "дар баробари ин, омӯзгоронро низ фаҳмидан зарур аст. Зеро гоҳе мактаббачаҳо ба ҳарфи муаллим гӯш намедиҳанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG