Пайвандҳои дастрасӣ

Парастории ду кӯдаки зиндаятим - Оля ва Алинаро модарбузургашон ба уҳда гирифтааст. Модари онҳо 4 моҳ пеш худро дар ҳузури фарзандонаш оташ зад ва Оля ва Алинаро ба дасти рӯзгори сангин супурд.

Парастории Оля ва Алина, духтарони Партовбиро модараш Розиямоҳ Боронова бар уҳда гирифтааст. Партовбӣ Жучковаи 24-сола 18-уми майи соли ҷорӣ дар манзили зист ва дар ҳузури кӯдаконаш худро оташ зада буд. Модар васияти духтарашро ба ҷо овард, аммо ба иллати бекорӣ рӯзгори сангинтаре ба сараш омад.

Розиямоҳ Боронова -- модари Партовбӣ мегӯяд, "ду рӯз мешавад кӯдаконро ба боғча намебарам. Субҳ ҳаво сард аст ва онҳо либоси гарм надоранд. Ҳамсояҳо онҳоро сер мекунанд, худам бошам болишт медӯзаму пули барқ ва пули моҳонаи боғчаро медиҳам."

Онҳое, ки нияти кумак ба Розиямоҳ Бороноваро доранд, метавонанд бо шумораи 907 53 00 68 тамос бигиранд

Падари Оля ва Алина Владислав Жучков панҷ сол пеш ба Русия рафта ва бедарак шудааст. Аз фарзандон ҳатто суроғ ҳам намекунад. Розиямоҳ Боронова мегӯяд, "наход ҳама дар Маскав дарак ёфту ӯ наёфт? Як бор ҳам занг назад, ки ду кӯдакаш чӣ ҳол дорад".

Ҳамсояҳо замони зиндагии Партовбӣ низ ба Оля ва Алинаи ӯ кӯмак мекарданд. Аммо ин тифлон, ки имрӯз аз парастории волидон комилан маҳруманд, ба тараҳҳуми хусусан ҳамсояҳо ниёз доранд. Одинамоҳ Лоиқова, ҳамсояи онҳо мегӯяд, ки “савдо мекунем, пиёзу картошка ё капуст меорем барояшон, ки гурусна намонанд. Кӯдакон ҳоло хурд ва мӯҳтоҷи кӯмаканд.”

Розиямоҳ, модари Партовбии марҳум мегӯяд, ба хотири васияти охирини духтараш намехоҳад, фарзандони ӯ Оля ва Алинаро зери тарбияти каси дигар бидиҳад. Ҳарчанд барои таъин кардани нафақаи ятимии наберагонаш талоши зиёд кардааст, аммо бенатиҷа анҷом ёфтаанд.

Аммо мақомоти ҳукумати шаҳри Сарбанд мегӯянд, ки барои ба нафақаи ятимӣ таъин кардани Оляву Алина, бояд падари онҳо аз ҳаққи падарӣ маҳрум шавад ва ё аз фарзандон даст кашад. Дар зимн, онҳо талош доранд, асноди ятимии кулли ин ду тифли Партовбиро омода кунанд.

Рухшона Шириналиева, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати шаҳри Сарбанд мегӯяд, ки “барои ин кӯдакон аз ҷониби мақомот дар ҷашну маросимҳо, кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Барои ҷобаҷогузорӣ кардани ин кӯдакон аз тарафи комиссияи ҳуқуқи кӯдак ҳам корҳои амалӣ рафта истодааст.”

Мақомот сабаби худкушии Партовбӣ Жучковаи 24-сола, модари Оля ва Алинаи ятимро ноустоувории хонавода тавзеҳ медиҳанд. Аммо Розиямоҳ Боронова мегӯяд, духтараш Партовбӣ бо иллати қарздорӣ ва мушкили рӯзгор худро оташ задааст. Ин ду иллате, ки ду тифли ҳанӯз кӯчакро дар оғӯши ғаму орзуҳои ғайримумкин танҳо гузоштаву дасти ниёзи онҳоро ба сӯи тараҳҳуму саховати ҷомеа дарозтар кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG