Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини TeliaSonera барои Гулнора бозпурсӣ мешавад


Бино бар иттилои Додситонии кулли Шветсия, собиқ раиси ширкати TeliaSonera Ларс Нюберг расман гумонбар дониста шуда, дар ҳамдастӣ ба ришвахӯрӣ муттаҳам мешавад.

Иттиҳоме, ки алайҳи собиқ раиси TeliaSonera Ларс Нюберг эълон шудааст, бо тафтиши парвандаи ришвахории Гулнора Каримова дар ҳаҷми чандсад миллион доллари амрикоӣ барои дарёфти ҳаққи тиҷорат дар Узбекистон, робита дорад.

Нюрберги 63-сола ба ҳайси роҳбари кулли TeliaSonera аз соли 2007 то соли 2013 кор кардааст. Вай баъд аз ҳодисаи ришвахорӣ, ки бо фаъолияти ширкат дар Узбекистон рабт дошт, маҷбур шуд аз вазифааш истеъфо диҳад.

Ба ҷуз аз Ларс Нюрберг 4 корманди собиқи TeliaSonera ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд. Ба ҳар кадоми онҳо аз 6 моҳ то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG