Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон роҳҳои пешгирӣ аз тундгароии диниро меҷӯянд


Дар Бишкек коршиносон меъёрҳои нави пешгирии тундгароии диниро, ки вақтҳои охир бо суръат рушд мекунад, баррасӣ карданд. Ҷамъомад бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонон ва ҳамчунин маркази таҳлилии “Дин, ҳуқуқ ва сиёсат” барпо шудааст.

Намояндагони Шӯрои мудофиа, Комисияи давлатӣ оид ба корҳои диннӣ, ВКД, муфтиёт ва ҷавонони фаъоли Қирғизистон усулҳо ва меёъҳои мубориза бо равияҳои тундгароӣ, нақши созмонҳои ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза бо тундгароиро баҳс кардаанд.

Ҷавонони фаъол диди худро дар бораи меъёрҳои мубориза бо ин падида баён доштанд.

Пештар намояндаи котиботи Шӯрои мудофиаи Қирғизистон Риспек Абдисатаров хабар дод, ки ба иттилои расмӣ, беш аз 350 шаҳрванди Қирғизистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия рафтаанд. Аммо тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ба гуфтаи вай, шумори ин афрод бештар аз 1000 нафар аст, ки бештарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG