Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ва Порошенко роҷеъ ба “ҳамдигарфаҳмӣ” ва “эътимод”


Баъд аз гуфтушунид бо президенти Украина Петр Порошенко дар Остона, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҷонибҳо “оиди чандин масъала ба ҳамдигарфаҳмӣ даст ёфтаанд”. Ба гуфтаи Назарбоев, зимни дидор бо Порошенко ҳамкории ин ду кишвар дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ баррасӣ шудааст.

Порошенко изҳор доштааст, ки суҳбати рӯ ба рӯ аз 40 дақиқаи муайяншуда тӯлонитар гардида, президентҳо тавонистанд мавзӯъҳои муҳимро баррасӣ кунанд. Вай аз Назарбоев барои “пешниҳоди рушди гуфтгугӯи сиёсӣ байни кишварҳо дар асоси эътимод ва эҳтироми тарафайн” изҳори ташаккур кардааст. Порошенко ҳамчунин гуфтааст, риояи принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми истиқлолият, тамомии марзӣ дар доираи сарҳадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ аз ҷониби Қазоқистон барояш писанд аст.

Дидори ин ду президент дар пасманзари кам шудани табодули мол миёни Украина ва Қазоқистон сурат мегирад. Гуфта мешавад, ин коҳиш бо сабаби таҳримҳои Ғарб ва Украина зидди Русия ва таҳримҳои ҷавобии Кремл ба вуҷуд омадааст. Тибқи иттилои расмии ниҳоди масъули омори Украина, бино бар ҷамъбасти нимаи аввали соли 2015 ҳаҷми умумии савдо байни Украина ва Қазоқистон 544 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG