Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозсозии роҳи иртиботӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ


Роҳсозон ба бозсозии роҳи нақлиётӣ дар масири Кӯҳистони Мастчоҳ – Ғончӣ тавассути гарданаи Оббурдоноғоз карданд.

Ин навбат роҳсозон бо ёрии техникаву таркишгарон ба васеъ кардани ин роҳи 50 километрӣ пардохтаанд. Тоҷибой Ашӯров, сардори идораи роҳу нақлиёт дар ҳукумати Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло таркишгарон дар ҳади ақал 5 гардиши ин роҳ шахҳоро парма зада, барои гузоштани маводи тарканда омода мекунанд. Вай афзуд, ин кор дар ду – се рӯзи дигар анҷом хоҳад ёфта, сипас роҳро аз ду самт барои ҳаракати нақлиёт баста, метарконанд. Ба гуфтаи ӯ, васеъ кардани роҳ ҳаракати мошинҳои боркашонро дар ин роҳи кӯҳистонӣ осонтар хоҳад кард.

Ин роҳи нақлиётӣ моҳи августи соли равон баъд аз як моҳи таъмиру тармим расман боз шуда, равуоисокинони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисмате аз Айниро ба маркази вилояти Суғд ҳудуди 130 километр наздиктар гардонд. Қаблан сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ бо роҳи ноҳияи Айнӣ ва тавассути гарданаи Шаҳристони шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд то Истаравшан расида ва беш аз 200 километр масофаро тай мекарданд. Мошинҳои борбар ба Кӯҳистони Мастчоҳ умдатан маводи ғизоиву сохтмонӣ бурда, аз он ҷо ба Истаравшану Хуҷанд картошкаву себ ва меваи хушк меоранд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, барои бозсозии ин роҳ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Роҳи мошингарди Кӯҳистони Мастчоҳ – Ғончӣ тавссути гарданаиОббурдон дар баландии 3961 метр баланд аз сатҳи баҳр дар солҳои 1983 - 1989 бунёд шуда буд. Баъдан ин роҳ хароб шуда ва нақлиёти боркаш наметавонист аз он убур кунад.

XS
SM
MD
LG