Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Замир Кобулов: “Узбакистону Тоҷикистон дар ростои таҳдид муттаҳид хоҳанд шуд”


Дипломати воломақоми рус дар сурати афзоиши хатари ҷиддӣ аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як ҷабҳа муттаҳид шудани Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистонро аз эҳтимол дур намедонад.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар қаламрави Афғонистон ба хотири тамрини ҷангиён аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд пойгоҳ таъсис кардааст. Дар ин бора Замир Кобулов, раҳбари Департаменти Осиёи Вазорати умури хориҷии Русия, дар конфаронси байнулмилалӣ оид ба амният дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ хабар дод.

Айни ҳол дар пойгоҳҳо дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон тақрибан 3,5 ҳазор аъзои “Давлати исломӣ” ҷойгир шудаанд. Дар баъзе пойгоҳҳо фақат шаҳрвандони Русия ва Осиёи Марказиву Қафқоз ба тамрин фаро гирифта шудаанд ва забони машқҳо ҳам дар онҳо русист. Афзоиши теъдоди мусаллаҳони ин гурӯҳ дар Афғонистон аз ҳисоби ҷангиёни тоҷику узбаку қазоқу чечен ба амнияти ишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дорад, мутмаин аст Замир Кобулов.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба суол дар бораи то куҷо воқеъӣ будани таҳдиди убури марзҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи гурӯҳҳои террористие чун “Давлати исломӣ” ва “Толибон” Замир Кобулов гуфт:

Замир Кобулов (дар мобайн) бо Сергей Лавров ва собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон Рангин Додфар СпантоАф

Замир Кобулов (дар мобайн) бо Сергей Лавров ва собиқ вазири умури хориҷии Афғонистон Рангин Додфар СпантоАф

-То замоне, ки ДИИШ дар Афғонистон заъиф аст, табиист, ки ба ин марзҳо ҳамла нахоҳад кард. Ва аммо агар ҳама мунтазир бимонанд ва наззора кунанд, ки чӣ гуна “Давлати исломӣ” нерӯ мегирад ва пуриқтидор мешавад, он гаҳ ин талошро хоҳад кард.

Озодӣ: Аммо Русия ҳам оё нозир хоҳад монд? Маскав барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи ДИИШ ба Осиёи Марказӣ боз аз чӣ иқдоме метавонад кор бигирад? Бигирем, метавонад нерӯҳояшро ба марз фиристад?

Кобулов: Тасмими мо аз он вобаста хоҳад буд, ки вазъият чӣ гуна сурат мегирад. Ҳама коре, ки то ҳол аз сӯи Русия анҷом дода шудааст, гомҳои муносиб доир ба таҳкими нерӯҳо буданд. Агар таҳдид афзоиш ёбад, раҳбарияти Русия тасмими мувофиқ ба он таҳдидро хоҳад гирифт...

Озодӣ: Аз нигоҳи шумо, дар сурати афзоиши таҳдид аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди мухолифатҳояшон, дар як ҷабҳа муттаҳид хоҳанд шуд? Ахиран, шумо ҳам, албатта, огаҳед, ки Узбакистону Туркманистон дар бораи таҳкими ҳамкории ниҳодҳои масъули ҳифзи марзҳояшон дар сарҳади Афғонистон ба мувофиқа расиданд...

Кобулов: Бале, ман дар ин бора хабар дорам. Ин созиш собит мекунад, ки кишварҳои минтақа аллакай аз вазъ дар Афғонистон ва аз бехатарии марзҳояшон изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо созишҳои дуҷониба имзо мекунанд, зеро Узбакистон ва Туркманистон узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ нестанд. Ин тасмими дуруст аст ва бояд дар ростои таҳдидҳо ҳамин гуна муттаҳид бояд шуд, зеро ҳамроҳ онҳо нерӯмандтаранд. Дар мавриди ҷабҳаи ягона...Бале, онҳо аз нигоҳи назариявӣ метавонанд муттаҳид шаванд. Фикр мекунам, ки дар сурати афзоиши хатари гурӯҳҳои террористӣ ба ҳамин натиҷа ҳам хоҳанд расид, аммо ин кори дохилии худи онҳост. Ман бо Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон шахсан шиносам ва, аз нигоҳи ман, онҳо шояд ин гуна ҷабҳаи ягона алайҳи терроризмро ташкил кунанд. Ман бори дигар мегӯяд, ки ин аз вазъияти воқеъӣ вобаста аст, яъне агар таҳдид ба амнияти миллии онҳо, таҳдид ба бехатарии марзҳояшон ногузир шавад... Яъне, зиндагӣ раҳбарони Осиёи Марказиро барои ин гуна иқдом водор хоҳад кард...

Сӯҳбати мо бо Замир Кобулов пас аз анҷоми конфаронси байнулмилалӣ оид ба амнияти Афғонистон ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Ин нишаст дар бинои вазорати дифои Русия дар Маскав ду рӯз – 8 ва 9 октябр идома дошт.

Дар конфаронси амниятӣ Ситоди Кулли артиши Русия хабар дод, ки айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 50 ҳазор ситезаҷӯён ҷойгиранд, ки дар 4 ҳазор гурӯҳи мухталиф муттаҳид шудаанд. Теъдоди аз ҳама бештари афроди мусаллаҳ – 40 ҳазор нафар зери парчами ҷунбиши “Толибон” бо ҳукумати Кобул меҷанганд. Аз оғози сол бар асари ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон севуним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар қиёс бо як соли пеш 25 дар сад бештар аст.

Игор Сергун

Игор Сергун

Дар нишаст аз имкони афзоиши теъдоди аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ситезаҷӯ аз ҳисоби мардуми маҳаллии Афғонистон ҳам сухан рафт. Игор Сергун, раиси Сарраёсати Ситоди кулли артиши Русия, ба пайвастани мардуми оддӣ бо ситезаҷӯён шубҳа кард ва гуфт, ки шояд бештар ҷавонони таҳсилдида ва ба интернет дастрасӣ дошта моли ба ба ғояҳои ДИИШ шаванд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи генерал-полковник Игор Сергун, шояд созмонҳои хурду бузурге чун “Ҳаракати исломии Узбакистон”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Лашкари Тайиба”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” ва “Ансоруллоҳ” ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайванданд. Ин созмону гурӯҳҳо тақрибан 4,5 ҳазор аъзо доранд. Дар сурати ба ДИИШ пайвастан онҳо артиши тамриндидаи иборат аз дасти кам 8 ҳазор ҷангиро ташкил хоҳанд дод.

Дар конфаронси байнулмилалии амниятӣ дар Маскав намояндагони Ситодҳои кулли артишҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, масъулини Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ ширкат доштанд. Аз Тоҷикистон дар конфаронс Шараф Эгамов, муовини раиси Ситоди Кулли артиш ва Фаридун Раҷабов, атташеи ҳарбии сафорати Тоҷикистон дар Русия намояндагӣ карданд.

XS
SM
MD
LG