Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳоргонаи Тунис барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел эълон шуд


Чаҳоргонаи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2015
Чаҳоргонаи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2015

Чаҳоргонаи миллии Диалоги Тунис барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2015 эълон шуд. Мақомоти раҳбарии ин ҷоиза дар Осло эълон карданд, ки баъд аз соли 2011, яъне баъд аз барканории Зайналобиддин Бен Алӣ-раиси ҷумҳури вақти Тунис ин чаҳоргона барои барқарории демократия ва гуногунандешӣ корҳои муассир анҷом додааст.

Чаҳоргонаи миллии Тунис моҳи сентябри соли 2013 аз чаҳор гурӯҳи маҳаллӣ, яъне Конфедератсияи саноат, тиҷорат ва ҳунарҳои дастӣ, Иттиҳоди коргарии Тунис, Лигаи ҳуқуқи башар ваАнҷумани миллии вакилони мудофеи Тунис ташкил шуда буд.

Моҳи октябри соли 2013 ин чаҳоргона Харитаи роҳеро барои ба эътидол овардани вазъи кишвар пешниҳод кард Бар асоси он дар соли 2014 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва интихоботи поламонӣ баргузор шуд.

972 ҳазор доллар маблағи ҷоиза 10 декабр дар Осло ба барандагон супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG