Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақамҳои нав дар бораи кушташудагони ҳаҷҷ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи талотуми моҳи гузашта ё лагадмол дар ҷараёни адои фаризаи ҳаҷҷ дар наздикии Макка аз 1221 то 1399 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора сарчашмаҳои мустақили хабарӣ гузориш додаанд.

Ин аз рақамҳои расмие, ки мақомоти Арабистони Саъдудӣ эълон карда буданд, хеле фарқ дорад. Мақомоти Саъудӣ ин рақамро 769 нафар эълон карда буданд.

Вале рақамҳои нав бар асоси маълумоти кишварҳои алоҳида, ки шаҳрвандонашон дар ин талотум ба ҳалокат расидаанд, ҷамъоварӣ шудааст.

Масалан, Эрон шумораи кушташудагонро 464, Миср 148 ва Индонезия 120 нафар гузориш додаанд.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс, ки кушташудагонро 1399 нафар ҳисоб кардааст, мегӯяд, зоҳиран Арабистони Саъудӣ талош дорад, ки эътибори худро чун соҳиби шаҳрҳои муқаддаси ислом нигоҳ дорад.

Хабаргузории Франс Пресс кушташудагонро 1221 нафар нишон додааст. Вале шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баъд аз ду рӯзи ҳодиса рақами эълонкардаашро дигар тағир надодааст.

XS
SM
MD
LG