Пайвандҳои дастрасӣ

Facebook эълон кард, ки тугмаи 'Dislike'-ро дар баробари тугмаи 'like' нахоҳад гузошт, баръакс тугмаҳои дигареро аз қабили "Angry," "Sad," ё «Ғазаб», «Маҳзун» ва амсоли он ба санҷиш мегузорад. Facebook гуфт, ки аз 9 октябр барои корбарон дар Ирландияву Испания ин аломатҳои навро пешниҳод мекунад.

Аз муддатҳо пеш бисёре аз корбарони Facebook талаб доранд, ки тугмаи "Dislike"-ро низ гузоранд, зеро тугмаи "Like", яъне “Писанд” барои ҳодисаҳои фоҷеавӣ дуруст намеояд.

Марк Зукерберг-муассиси Facebook гуфтааст, аломатҳои нав писанд набуданро нишон намедиҳанд, вале дар муқоиса бо хушоянду писандида ҳолатҳои ҳамдардӣ ва маҳзуниро нишон медиҳанд. Ин аломатҳои нав муҳаббату шӯхӣ ва тарсу ғамгиниро низ ифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG