Пайвандҳои дастрасӣ

Таъхири Толибон барои музокироти сулҳи Афғонистон


Мулло Мансур

Мулло Мансур

Генерал Ҷон Кемпбелл-фармондеҳи аршади амрикоӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки тағирот дар раҳбарияти Толибон музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро ба дарозо кашондааст. Ба гуфтаи вай, мумкин аст 70 дарсади гурӯҳҳои тундрав бидуни гуфтугӯ бо Кобул оштӣ кунанд.

Кемпбелл дар Кумитаи хадамоти артиши Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфт, «ман фикр мекунам, ки ду моҳи дигар зарур аст, то бубинем, ки онҳо аз ҳар гуна музокироти сулҳ ҷонибдорӣ кунанд».

Вай афзуд, «ман фикр мекунам, ки музокироти сулҳ идома хоҳад ёфт, вале барои бар сари мизи музокира овардани афроди зарурӣ муддате мегузарад».

Толибони Афғонистон дар як даври музокира бо ҳукумати ин кишвар дар моҳи июл ширкат ҷустанд, вале баъд аз ифшои даргузашти мулло Муҳаммад Умар ва тағир ёфтани ҳайати раҳбарии Толибон музокирот ба таъвиқ афтод.

Мулло Мансур ҷонибдори музокироти сулҳ ба ҷои Мулло Умар раҳбари Толибон интихоб шуд. Вале гурӯҳҳои мухталифи Толибон аз интихоби вай розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG