Пайвандҳои дастрасӣ

Пешравии Давлати Исломӣ дар Сурия дар шабонарӯзи ахир


Фаълони ҳуқуқи башари зидди ҳукумати Сурия мегӯянд, ки тундравҳои Давлати Исломӣ дар наздикии шаҳри Ҳалаб чанд русторо ба тасарруфи худ даровардаанд. Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон мегӯянд, ки нируҳои тундрави Давлати Исломӣ рустоҳои Тел Сусин ва Тел Қараро аз дасти гурӯҳҳои дигаре гирифтаанд, ки бар зидди ҳукумати Башор Асад меҷанганд.

Рамӣ Абдулраҳмон-раҳбари ин марказ гуфт,ин пешравӣ баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия муяссар шудааст. Ҳадафи ҳамлаҳои Русия зарба задан ба мавзеъҳои нируҳои тундрави Давлати Исломӣ мебошад.

Ба бовари Абдулраҳмон, танҳо 10 дарсади ҳамлаҳои Русия ба ҳадафҳои тундравон расидаанд.

XS
SM
MD
LG