Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъмоли иҷбории доруву хӯрок ба маҳбусони гирифтори сил


Бар асоси тағйиру иловаҳо ба “Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноӣ” маҳсубони гирифтори бемории сил аз ин ба баъд маҷбуран доруву хӯрок истеъмол хоҳанд кард. Азизмад Холмаҳмадзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 9 октябр лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба “Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” - ро муаррифӣ кард, ки аз ин ба баъд маҳбусони гирифтори бемории сил ба таври иҷборӣ доруҳои зидди ин бемориро истеъмол ва дар макони алоҳида нигаҳдорӣ хзоҳанд шуд. Зеро ба гуфтаиХолмаҳмадзода, "мутаассифона маҳбусоне, ки гирифтори бемории сил ҳастанд, аз истифодаи доруҳое, ки ба онҳо тавассути зиндонҳо дода мешавад, худдорӣ мекунанд ва ин амр боиси барои дарозмуддат табобат нашудани онҳо мегарадад”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон низ ин иқдомро барои табобати гирифторони бемории сил дар зиндонҳо муҳим хонд ва гуфт, ки ин ҳам кори савоб аст ва ҳам имкон медиҳад, то маҳбусон ҳар чӣ зудтар табобат ёбанд.

Зимнан, ба иттилои расмӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 700 нафар аз гирифторони бемории сил ва вируси норасоии маснуияти бадан ё HIV бистарианд. Соли гузашта 25 маҳбуси силкасал аз дунё гузаштаанд. Дар маҳбасҳои Тоҷикистон шӯъбаҳои вижа барои табобати бемориҳои сил вуҷуд дорад, аммо шароити нигаҳдории беморон дар онҳо аксаран номусоид номида мешавад.

Аммо иқдоми иҷбории истеъмоли доруву хурок ва нигаҳдории маҳбусони гирифтори бемории сил дар макони алоҳида дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ иддае аз наздикони маҳбусони гирифтори сил иддао карданд, ки пайвандони онҳо дар беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, иҷборӣ ба тоза кардани партовҳо ҷалб шудаанд.

Бар асари хароб шудани лӯлаи партовҳо дар шӯъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо ошёнаи аввали он пур аз ифлосиҳо шудааст ва наздикони беморон гуфтанд, ки дар тоза кардани ин партовҳо давоми се рӯз аз қувваи беморони сил истифода шудааст. Аммо масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон таъкид карда буданд, ки ин иддао асос надорад.

Шӯъбаи бемориҳои сили беморхонаи марказии Сарраёсати зиндонҳо беш аз сад кат дорад ва ҳоло он ҷо зиёда аз 20 нафар маҳбус ба табобат фаро гирифта шудаанд. Аммо наздикони маҳбусони бемори сил иддао карда будаанд, ки бори аввал нест, ки лӯлаи ахлотгузари ин шӯъба мекафад ва дар тоза кардани он бар дӯши беморон меафтад.

XS
SM
MD
LG