Пайвандҳои дастрасӣ

Генерал ва адмиралҳои Амрико ба Тоҷикистон омаданд


Сафорати ИМА дар Душанбе хабар додааст, ки гурӯҳи генерал ва адмиралҳои тозатаъини амрикоӣ тибқи барномаи омӯзишии «CAPSTONE» барои боздиди панҷрӯза ба Тоҷикистон омадаанд.

Онҳо дар чаҳорчӯбаи ин сафар бо мақомоти баландпояи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мулоқот мекунанд. Ҳамчунин онҳо бо донишҷӯёни тоҷик дар бораи зиндагӣ ва фарҳанг дар Амрико ва Тоҷикистон баҳс хоҳанд дошт.

Барномаи омӯзишии “CAPSTONE” соли 1982 барои генералҳо ва адмиралҳои тозатаъини ИМА барои ошноӣ бо вижагиҳои манотиқи мухталифи ҷаҳон ва дарки амиқтари мушкилоте, ки дар назди шарикони калидӣ истодаанд, таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG