Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд мушаки Русия на ба Сурия, балки Эрон бархурдаанд


Чанд мушаки болдор, ки аз киштиҳои Русия аз ҳавзаи Хазар ба тарафи Сурия андохта шудаанд, дар қаламрави Эрон афтодаанд. Дар ин бора шабакаи телевизонии Си-Эн-Эн ба нақл аз намояндаи ҳукумати Амрико хабар додааст. Ин мақом гуфтааст, ки эҳтимол ин ҳодиса қурбониён низ дошта бошад.

Маълум аст, ки мушакҳо ба самти Сурия аз фазои ҳам Эрон ва Ироқ мегузаранд, аммо дар кадом минтақаи Эрон ин мушакҳо афтидаанд, ҳанӯз рӯшан нест. Русия ин мушакпаррониро бо мушакҳои нави болдори “Калибр” анҷом медиҳад, ки бори нахуст истифода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории эронии FARS менависад, ки мақомоти Русия ва Эрон ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ба раиси ҷумҳур Владимир Путин гузориш дод, ки ҳамаи 26 мушаки аз чаҳор киштии низомӣ партобшуда бидуни осеб ба аҳолии осоишта ба ҳадаф расидаанд.

XS
SM
MD
LG