Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия тирандозони тоҷикро барои системи “Град” омода кардааст


Коршиносони ҳарбии пойгоҳи 201- уми Русия дар Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи яксолаи омодасозии мутахассисони низомӣ барои артиши Тоҷикистон 1000 мутахассис омода кардаанд.

Дафтари матбуоти Пойгоҳи 201-уми Русия рӯзи 9 октябр бо пахши ин хабар мегӯяд, ронандаҳо ва нишонгирҳо барои танкҳои Т 72 ва мошинҳои зиреҳпуши БМП2, тирандозҳо барои системаи рокетандози “Град” аз ҷумлаи ин фарод маҳсуб мешаванд.

Ҳамчунин, нишонгир ва ронанда барои тӯпхонаи “2С3” (гаубитс) барои артиши Тоҷикистон омода шуда, давраҳои омӯзишӣ ва тирандозӣ аз ҳамаи навъҳои силоҳҳо дар размоишгоҳи Лоҳур,Сумбула ва Мумирак анҷом шудааст.

Пойгоҳи 201- уми Русия мегӯяд,низомиёни омӯзишдидаи артиши Тоҷикистон баъди супоридани имтиҳон соҳиби шаҳодатнома шудаанд ва ҳамакнун дар машқҳои низомии муштараки Тоҷикитону Русия ширкат хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдом дар доираи барномаи ҳамкорӣ бо ин вазорат сурат гирифтааст ва борҳо аз ҷараёни давраҳои омӯзишӣ гузориш омода карда шудааст.

XS
SM
MD
LG