Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди дабири НАТО ба тааҳудоти ин паймон


Йенс Столтенберг, дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, ба тааҳуди ин созмон барои муҳофизати “тамоми аъзояш аз ҳаргуна таҳдид” таъкид кард. Баёнияи дабири кулли НАТО дар миёни авҷ гирифтани танишҳо бо Русия садо дод, ки амалиёти ҳавоиро дар Сурия оғоз кардааст. Йенс Столтенберг рӯзи 8-уми октябр гуфт, дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узв ризоият ҳосил шуд, ки теъдоди сарбозон дар ҳайати Нерӯҳои вокуниши НАТО ба 40 ҳазор нафар расонида шавад, ки ду баробар бештар аз теъдоди ҳозира аст. Ӯ гуфт, ҳамаи ин корҳо паёме ба шаҳрвандони кишварҳои узви НАТО аст, ки “НАТО шуморо муҳофизат мекунад, НАТО омода аст ва НАТО дар назди шумост.” Аз ин пештар Йенс Столтенберг аз тавсиаи амалиёти ҳавоии Русия дар Сурия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, дар сурати зарурат, НАТО омода аст нерӯҳояшро ба Туркия як узви ин созмон бифристад, ки ҳавопаймоҳои Русия ду дафъа қаламрави ҳавоии онро нақз карданд. Дабири кулли НАТО аз Русия хост, ҳимоят аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро бас кунад, зеро ингуна мавзеъгирӣ дар поён додани ҷанг дар Сурия кумак намекунад.

XS
SM
MD
LG