Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллои шинохтаро ба зиндон андохтанд


Додгоҳи ноҳиявии Қара-Сууй имоми собиқи масҷиди “Ас-Сарахсий” Рашод Камоловро дар вилояти Уш бо айбномаи барангехтани низои байнимазҳабӣ, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани адабиёти иртиҷоӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора вакили дифои ӯ Назгул Суйунбаева хабар додааст. Ба гуфтаи вай, зимни баровардани ҳукм додгоҳ ин нуқтаро ба инобат гирифтааст, ки Камолов соҳиби оила аст ва қаблан ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Вакили дифоъ афзуд, ки вай ҳоло ҳуҷҷатҳоро барои шикоят ба додгоҳи зинаи дуввумӣ омода мекунад. Парвандаи ҷиноии Камолов ба иттиҳоми даъватҳо барои таъсиси хилофат ва изҳороти ифротгароёнааш дар мавриди ҷанги Сурия боз шуда буд. Рашод Камолови 37-сола дар доираҳои мазҳабӣ бо номи Шайх Муҳаммад Рошатхон маъруф аст. Вай 9 феврал барои даъват ба сарнагунии низоми феълии қонунӣ ва барангехтани низои байнимазҳабӣ боздошт шуда буд. Падараш Рафиқ Камолов соли 2007 ҳангоми амалиёти вижаи ҷилавгирӣ аз амали террористӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG