Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Русия ба Тошканд омад


Дар мулоқоти муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов масъалаҳои ҳамкориҳои низомӣ ва низомиву фаннии миёни ду кишвар баррасӣ шудаанд. Антонов, ки дар садри як ҳайати вазорати мудофиаи Русия вориди Тошканд шудааст, изҳор дошт, ки ҳамкории ҳарбии Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон “барои амнияти Осиёи Маркази заминаҳои хуб фароҳам меорад”. Вай Ӯзбекистонро “шарики стратегии” Русия дар минтақа номид. Дар ҷараёни ин дидор Антонов ҳамчунин ҳадафҳо ва мантиқи амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Русияро дар Сурия шарҳ дод, хабар медиҳад маркази матбуот ва иттилооти вазорати мудофиаи Русия. Дар дидор бо вазири мудофиаи Ӯзбекистон Нурмуҳаммад Муллобоев ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки бояд роҳҳои дигари ҳамкориҳои низомӣ ба фоидаи ҳарду кишвар ҷустуҷӯ шаванд. Ҷузъиёти ин мулоқот маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG