Пайвандҳои дастрасӣ

Муборизаи футболбозони наврас барои Ҷоми Султон Мирзоев


​Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи наврасон барои Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруфи тоҷик, шурӯъ шуд.

Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ миёни дастаҳои футболи наврасони синашон зери 16-сола барои дарёфти Ҷоми хотираи Султон Мирзоев, футболбози маъруф ва мураббии варзидаи тоҷик, ки 7 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз ёфт, то 11 октябр идома хоҳад кард.

Ташкилкунандагони мусобиқа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар мебошанд. Мусобиқа таҳти сарпарастии Бунёди рушди варзиши ба номи Султон Мирзоев, ки ба он писари шодравон, мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раҳбарӣ мекунад, доир шудааст.

Дар маросими кушоиши мусобиқа Абдулло Маҳмадализода, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Шавкат Аҳмадов, мудири фаннии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Павел Мирзоев, бародари бузурги шодравон Султон Мирзоев ва Алимаҳмад Мирзоев, собиқадори футболи тоҷик, кибо ибтикори ӯ аз соли 1999 то кунун ин мусобиқа барои бори ҳабдаҳум баргузор шудааст, ба футболбозони наврас комёбиҳо орзу карданд.

Алимаҳмад Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи ин мусобиқа рушди футбол миёни наврасон, дарёфти футболбозони моҳир ва ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар шомил кардани онҳо мебошад. Умедворем, ки дар оянда аз байни онҳо ба мисли шодравон Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаҳои машҳури “Помир”-и Душанбе ва “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа, футболбозони моҳир ба камол мерасанд.»

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки дар майдони дувуми Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудааст, футболбозони навраси солҳои таваллудашон 1998-1999аз вилояти Хатлон (ду даста), вилояти Суғд (Исфара), шаҳри Душанбе (се даста), инчунин, дастаҳои наврасон аз Қазоқистону Қирғизистон иштирок доранд.

Ҳашт дастаи ширкаткунандаи мусобиқа ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 11-уми октябр баргузор мешавад, барои Ҷом мубориза мебаранд. Қабл аз бозии ниҳоӣ дастаҳои дар нимфинал мағлубшуда барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG