Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷол пеш аз бозии футбол дар Албания


Дар Албания афроди номаълум ба автобуси тими миллии футболи Сербистон санг андохтанд ва сабаби эътирози ин кишвар шуданд. Вазорати умури хориҷии Сербистон сафири Албанияро барои ин ҳодиса ба вазорат хонда ва ёддошти эътирозӣ супурдааст, вале ӯ ёддоштро қабул накардааст. Футболбозони серб барои рақобат бо тими Албания дар чаҳорчӯби мусобиқоти интихобии Аврупо-2016 рӯзи 7-уми октябр вориди Албания шуданд. Ин кишвар тадобири амниятиро дар остонаи бозии байни ду тим мустаҳкам кардааст, то ҷанҷолу кашмакаши соли гузашта дар шаҳри Белград такрор нашавад. Соли 2014 вақти бозии футболи байни ду кишвар як ҳавопаймои хурди бесарнишинро бо парчами “Албанияи бузург” сар доданд. Баъди ин байни мухлисон ва бозигарони ду даста ҷанҷолу занозанӣ бархост ва бозиро қатъ карданд. Бозии дастаҳои мунтахаби ду кишвар рӯзи 8-уми октябр баргузор мешавад ва бинобар муносиботи сарди Албания ва Сербистон нигарониҳо аз таъмини амният дар ин бозӣ зиёд аст.

XS
SM
MD
LG