Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ музокирот бо Амрикоро мамнӯъ кард


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, ҳаргуна музокирот бо Амрикоро дар оянда мамнӯъ кард, ки инро зарбае ба ҳукумати миёнарави Эрон медонанд, ки умедвор аст, ба хусумати тӯлонии ду тараф поён медиҳад. Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки ҳарфи ниҳоиро дар сиёсати Эрон мезанад, моҳи пеш ҳам гуфт, ки баъди музокироти атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳеҷ гуна музокироте бо Амрико намешавад, вале чунин музокиротро бо қотеъият мамнӯъ накард. Баёнияи Оятуллоҳ Хоманаӣ мухолифи изҳороти Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон аст, ки гуфтааст, ҳукумати миёнараваш омода аст, барои ҳалли муноқиша дар Сурия бо Амрико ҳамкорӣ кунад. Ду кишвар дар муноқишаи Сурия аз тарафҳои мухолиф ҳимоят мекунад. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ зимни суханронӣ дар ҳузури нерӯҳои дарёии Сипоҳи Посдорони Инқилоб гуфт, “Музокирот бо Амрико дари нуфузи иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва амниятии онҳоро боз мекунад. Ҳатто зимни музокироти атомӣ онҳо саъй карданд, ба манофеи амнияти миллии мо садама бизананд.” Раҳбари ҷумҳурии исломӣ гуфт, “Музокиракунандагони мо ҳушёр буданд, вале амрикоиҳо аз чанд фурсате ба нафъи худ истифода карданд” ва шикоят кард, ки гуфтӯгу бо амрикоиҳо фақат бар зарари Эрон аст.

XS
SM
MD
LG