Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Картер амалкарди Русияро «хатои бунёдӣ» номид


Вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер изҳор дошт, ки ИМА намехоҳанд бо Русия дар мавриди Сурия ҳамкории низомӣ дошта бошад, зеро амалкарди Москва дар Сурия «ба сурати фоҷиабор иштибоҳӣ аст».

Зимни суханронӣ дар Рум 7 октябр Картер дубора Русияро танқид кард, зарбаҳои он ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нигаронида нашуданд ва ин як «хатои бунёди»-ст. Вале ҳамзамон вай гуфт, ки ИМА омодааст, бо Москва дар мавриди амнияти парвозҳо машваратҳои ибтидоии фаннӣ анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол субҳи рӯзи чаҳоршанбе киштиҳои низомии ҳавзаи Хазари нерӯҳои баҳрии Русия бо 26 мушак ба мавзеъҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар Сурия зарба заданд.

Хабаргузории Reuters рӯзи чаҳоршанбе бо истинод ба манбаи расмӣ дар Димишқ аз оғози амалиёти заминии нерӯҳои Сурия дар қисмати марказии кишвар бо мусоидати ҳавопаймоҳои низомии Русия хабар дод.

Москва иддаъо дорад .ки ҳадафи амалиёти Русия дар Сурия мусоидат ба артиши ин кишвар дар ҷанг бо террористон аст. ИМА ва ҳампаймонҳояш аз он нигаронанд, ки ҳадафи Русия ин аст, ки аз ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад пуштибонӣ кунад.

XS
SM
MD
LG