Пайвандҳои дастрасӣ

Украина ҷудоитабалонро гунаҳкор донист


Тибқи баёнияи Киев ҷудоихоҳон бо истифода аз аслиҳаи зиддитанкӣ дар шарқи Украина муқаррароти оташбасро вайрон кардаанд. Дар пайи ҳамлаи 7 октябр чаҳор низомии украинӣ захмӣ шудаанд. Ахиран раиси ҷумҳур Петр Порошенко изҳор дошт, ки дар манотиқи шарқӣ «оташбаси воқеӣ» оғоз шудааст, аммо ҳушдор дод, ки барои таъмини сулҳу субот бояд роҳи тӯлониеро гузашт.

Зимни суханронӣ дар назди донишҷӯёни академияи низомӣ дар Киев Порошенко таъкид кард, ҷанг замоне хотима меёбад, ки «охирин қисмати сарзамини Украина аз душман, ғосиб ва тасарруфгар» озод карда шавад.

Созиши оташбас, ки ҳанӯз моҳи феврал ба даст омада буд, борҳо вайрон карда мешуд, аммо дар як моҳи ахир риояти он мушоҳида мешавад. Дар пайи ихтилофоти миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоихоҳон аз моҳи апрели соли 2014 беш аз 7900 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG