Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Қирғизистон дар Белорус фаъол шуд


Сафорати Қирғизистон дар Белорус баъд аз се сол дубора фаъол шуд. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон Нурлан Суйерқулов хабар дод, ки дар аввали ҳафтаи ҷорӣ сафири Қирғизистон Кубаничбек Омуралиев ба раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко эътимодномаи худро супорид.

Дар моҳи августи соли 2012 баъд аз сарпечии Минск аз истирдоди раиси собиқи ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва аъзои оилааш ба Бишкек сафири Қирғизистон дар Белорус фаро хонда шуд.

Дар Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба иттиҳоми куштори даҳҳо нафар эътирозгарон, ки боиси барканориаш аз вазифаи раиси ҷумҳури Қирғизистон дар соли 2010 шуда буданд, ғоибона ба ҳукми абад маҳкум шудааст.

Боқиев ва бархе аз хешовандону шариконаш дар Белорус зиндагӣ мекунанд. Минск борҳо дархостҳои Бишкекро барои истирдоди Боқиев ва бархе аз ҳамроҳонаш рад кардааст.

XS
SM
MD
LG