Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди 18 соли зиндон ба зане, ки се кӯдакашро ба дарё андохт


Парвина Абдуллоева

Парвина Абдуллоева

Айбдоркунандаи давлатӣ ба як сокини Ёвон, ки се фарзанди ноболиғашро дар дарёи Душанбе ғарқ кард, 18 соли маҳрумият аз озодӣ хостааст. Ҳукми додгоҳ рӯзи 9 октябр эълон хоҳад шуд.

Намояндаи додситонӣ дар парвандаи Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон, ки дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ худу се фарзанди ноболиғашро ба дарёи Душанбе андохта, аммо бо кумаки сокинон наҷот ёфта буд, 18 соли маҳрумият аз озодӣ талаб кардааст. Дар пайи ин ҳодиса се фарзанди Парвина ҷон доданд ва мақомот ӯро дар ҳалокати онҳо айбдор мекунанд.

Матлуба Бобоҷонова, вакили мудофеи Парвина, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми додгоҳ дар қиболи нафари таҳти ҳимояташ 9 октябр эълон хоҳад шуд. Ӯ гуфт, талаби 18 соли зиндон барои Абдуллоева дар мурофиаи 5 октябр садо додааст ва онҳо аз додрас хостаанд, ки муҳлати ҷазои ӯро камтар кунад.

Парвина Абдуллоева дар рӯзҳои аввали мурофиа дар толори додгоҳ иқрор кард, ки “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худаш ҷавоб гӯяд, на каси дигар”. Абдуллоева баъди огоҳ шудан аз робитаи ҳамсараш бо зани дигар қасд ба ҷони худ карда, ба Душанбе омад ва худро ҳамроҳ бо кӯдакон ба дарё афканд.

Ҳамин тариқ, Парвина Абдуллоева бар асоси қисми дуи моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ, банди “а” ва “в” ба куштори огоҳонаи ду шахс ва бештар аз он айбдор мешавад.

Ин модда аз 15 то 25 соли зиндонро дар назар дорад. Аммо агар додгоҳ ҳолати равонии ӯро ҳангоми содир кардани ҷиноят ба назар бигирад, эҳтимол дорад, ӯ аз 2 то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шавад. Матлуба Бобоҷонова, вакили дифои Парвина Абдуллоева, қаблан гуфта буд, ташхиси тиббӣ дар бемористони воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян кардааст, ки зерҳимояаш гирифтори бемории равонист.

Аммо Зайниддин Бобобеков, шавҳари Парвина, ки 11 сол зиндагии муштарак доштаанд, иддаои ҳамсарашро дар бораи муносибати ӯ бо зани дигар рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳамсараш на аз рӯи рашк ба ин кор даст зад, балки ба эҳтимоли зиёд, бемории тӯлонии фарзанди хурдияш Омина, ӯро гирифтори бемории равонӣ кард.

Парвина Абдуллоева рӯзи 5 июли соли ҷорӣ бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳ бо се кӯдакаш аз хона берун шуда, ба Душанбе омад ва худро бо Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ба канали Ҳисор партофт. Парвина зинда монд, аммо ҷасади кӯдакон рӯзи дигар пайдо шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG