Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ФИФА муваққатан аз мақомаш барканор шуд


Кумитаи оиди одоби (этика) Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттерро ба муддати 90 рӯз аз иҷрои вазифааш дур кардааст. Дар ин бора Клаус Штелкер, мушовири Блаттер ба Sky News хабар додааст.

26 сентябри соли ҷорӣ Кумитаи оиди одоби ФИФА ва Бюрои федероли Швейсария ба иттиҳоми “хунукназарӣ ва ришвахурӣ” тафтишотеро дар қиболи Блаттер ва Мишел Платинӣ, раиси Иттиҳодияи футболи Аврупо (УЕФА) шурӯъ кардааст.

Аз ҷумла, раҳбари ФИФА ба додани ришва ба Мишел Платинӣ ба миқдори 2 миллион франки швейтсарӣ айбдор шудааст. Дар утоқи кории Блаттер кофтукоб сурат гирифтааст.

Йозеф Блаттер аз соли 1998 раёсати ФИФА-ро ба ӯҳда дошта, рӯзи 29 майи соли ҷорӣ барои бори панҷум ба ин мақом интихоб гардид. Аммо дар пайи эълони айбномаҳо дар мавриди фасод дар ФИФА 2 июн аз мақомаш истефоъ дода ва ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи раиси ин созмон аст.

Дар назар аст, 26 феврали соли оянда интихоби раиси ҷадиди Федератсияи байналмилалии футбол баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG