Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси пешини "Фононбонк" боздошт шуд


Cаидумар Ҳусайнӣ, аз пайвандони раиси боздоштшудаи "Фононбонк" Самихон Қурбонов

Cаидумар Ҳусайнӣ, аз пайвандони раиси боздоштшудаи "Фононбонк" Самихон Қурбонов

Раиси пешини Иттиҳодияи саҳҳомии пӯшидаи “Фононбонк» Самихон Қурбонов, яке аз пайвандони муовини авали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Саидумар Ҳусайнӣ, дастгир шуд.

Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” рӯзи 7 октябр бо такя ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои ин манбаъ, Самихон Қурбонов на дар ҷиноёти молиявӣ, балки дар робита бо гурӯҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва “ширкат дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон” гумонбар мешавад.

Саидумар Ҳусайнӣ дар қатори 23 узви раҳбарият ва фаъолони ҲНИТ аз моҳи сентбяр ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

5 октябр Бонки Миллии Тоҷикистон “ба хотири беҳсозии вазъи молиявии" “Фононбонк” дар ин бонки тиҷоратӣ барои се моҳ раҳбарияти муваққатро таъин намуд.

“Фононбонк” моҳи майи соли 2007 дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном ва 4 январи соли 2008 соҳиби муҷаввизи Бонки Миллӣ барои анҷоми амалиёти молиявӣ шуд.

Дафтари марказии “Фононбонк” дар Душанбе буда, он дар сартосари кишвар 14 намояндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG