Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси собиқи "Фононбонк" барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим


Раиси барканоршудаи “Фононбонк” ва аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини аввали раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудааст.

Самихон Қурбонов, раиси барканоршудаи "Фононбонк" ва аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ -- муовини аввали раиси ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шудааст. Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон 7 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфт, боздошти Қурбонов пас аз тафтиши фаъолияти "Фононбонк" сурат гирифтааст.

Манбаъ афзуд, "пас аз маълумоти расида аз Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Самихон Қурбонов мавриди тафтиш қарор гирифт ва баъдан натиҷаи он ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод шуд." Ҳамсӯҳбати мо аз ин бештар иттилоъ надод ва гуфт, рӯзҳои наздик гузориши муфассали мақомот дар ин бора тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон пахш хоҳад шуд.

Аммо манобеи Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Самихон Қурбонов на дар ҷиноёти молиявӣ, балки дар робита бо гурӯҳи собиқ муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва "ширкат дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон" гумонбар мешавад.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва аз наздикони Самихон Қурбонов дар қатори 23 узви раҳбарият ва фаъолони ҲНИТ аз моҳи сентбяр ба ин сӯ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Рӯзи 5 октябр Бонки Миллии Тоҷикистон "ба хотири беҳсозии вазъи молиявии" “Фононбонк” дар ин бонки тиҷоратӣ барои се моҳ раҳбарияти муваққатро таъин намуд.

“Фононбонк” моҳи майи соли 2007 дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном ва 4 январи соли 2008 соҳиби муҷаввизи Бонки Миллӣ барои анҷоми амалиёти молиявӣ шуд. Дафтари марказии “Фононбонк” дар Душанбе буда, он дар сартосари кишвар 14 намояндагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG