Пайвандҳои дастрасӣ

Тадбирҳои шадиди амниятии Бишкек дар бозӣ бо Душанбе


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Бишкек барои таъмини амният дар рӯзи бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон тадбирҳои шадидро дар назар гирифтааст.

8 октябр дар Бишкек бозии дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистону Тоҷикистон дар варзишгоҳи Долон Омурзоқов баргузор мешавад. Ин бозии интихобӣ барои ширкат дар бозиҳои қаҳрамонии футболи ҷаҳон хоҳад буд, ки соли 2018 дар Русия барпо мегардад.

Бозии мазкур аз он ҷиҳат ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки дар рӯзи мусобиқа дар шаҳри Бишкек тадбирҳои шадиди амниятӣ ҷорӣ мекунанд ва кӯчаву хиёбонҳои марказиро мебанданд. Айгул Давлатбоева, раҳбари хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини амният ва ҳифзи тартибот дар рӯзи бозӣ ва дар ҷараёни ин бозӣ 4 ҳазор корманди пулис сафарбар мешаванд. Оғози ин бозӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар назар гирифта шудааст. Вале аз соати 14 чаҳор хиёбони аслӣ баста ва рафтуомади нақлиёт қатъ хоҳад шуд. Дар рӯзи бозӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна беназмиҳо фурӯши билетҳоро мамнуъ эълон кардаанд.

Болот Ногойбаев, вазири пешини Қирғизистон мегӯяд, сабаби таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои амниятӣ дар рӯзи ин бозӣ

Болотбек Ногойбоев, вазири пешини корхои дохилаи Қирғизистон

Болотбек Ногойбоев, вазири пешини корхои дохилаи Қирғизистон

пеш аз ҳама он аст, ки бозӣ дар фазои ором ва бидуни моҷаро бигзарад. "Ҳоло муносибатҳои миёни ду кишвари ҳамсоя хуб аст ва заминаи ошкорое барои бархӯрд ё муноқишаи байни мухлисон амалан вуҷуд надорад. Вале бояд дар назар гирифт, ки дар гузаштаи наздик дар марз чанд ҳодиса рух дод. Ман масъалаҳои тақвияти амният ва тартиботро намехоҳам бо ҳодисаҳои марзӣ иртибот диҳам. Бо вуҷуди ин ниҳодҳои интизомии мо мехоҳанд, ки амният ва тартибу интизом ба таври боварибахш таъмин шавад," -- гуфт ӯ.

Оқои Ногойбоев мегӯяд, "варзиш ҳамеша сафири сулҳ будааст. Ҳамеша кишварҳое, ки дар ҳолати низоъ будаанд, варзиш роҳи сулҳро боз кардааст. Вале мо ду кишвари дӯст ҳастем. Дар таърихи мо барои обу роҳ ҳеч гоҳ баҳсҳо вуҷуд надоштааст. Аз истиқлоли мо 23 сол гузашт ва мо кишварҳои мустақил ҳастем. Бояд давлатмардони мо ҳар чӣ зудтар масъалаҳои таъини хатҳои марзӣ ва аломатгузориро ба поён расонанд, то ба баҳсҳои марзӣ ё обу роҳ хотима гузошта шавад. Дар он сурат ҳар гуна нигарониҳо аз байн меравад."

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи якшанбе вориди Бишкек шуд ва аз

Мубин Эргашев

Мубин Эргашев

рӯзи душанбе, аз 5 октябр боз машғули охирин омодагиҳо ба ин бозии интихобӣ мебошад. Ин даста дар ҳайати 22 бозигар таҳти раҳбарии сармурабӣ Мубин Эргашев ба Бишкек рафтааст. Қарор буд бозии мазкур соати 18:00 ба вақти Бишкек оғоз шавад, вале онро ду соат ба таъхир андохтанд. Гуфта мешавад, сабаб ин будааст, ки мардум баъд аз кор ба хонаҳояшон бирасанд ва пахши мустақими ин бозиро аз телевизионҳои худ бубинанд.

Доварии ин бозиро довари 35-солаи ФИФА аз Эрон Муд Бунёдифар бар уҳда хоҳад дошт. Дар ду хати паҳлӯии майдон ба вай доварон Ризо Сухандони 41 сола ва Муҳаммадризо Мансурии 37 сола кӯмак хоҳанд кард. Довари эҳтиётӣ аз Эрон Бижан Ҳайдарӣ таин шудааст.

Дар бозиҳои интихобӣ дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар гурӯҳи В ҷой гирифтаанд. Бо 9 хол дар ин даста Австралия дар зинаи аввал қарор дорад. Дастаи Австралия то ҳол дар ҳамаи се бозӣ пирузӣ ба даст овардааст. Дастаи Урдун бо 7 хол дар зинаи дуввум, дастаи Қирғизистон бо 4 хол дар зинаи севвум қарор доранд. Ду зинаи охирро бо якхолӣ дастаҳои Тоҷикистону Банглодеш бо ҳам тақсим кардаанд.

Ҳар яке аз ин дастаҳҳо 5 бозии дигар анҷом медиҳанд. Агар дастаи Тоҷикистон дар ин 5 бозӣ пируз шавад, дар он сурат ба даври баъдии бозиҳои интихобии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ хоҳад ёфт. Вале ин кор барои дастаи Тоҷикистон хеле мушкил хоҳад буд. Аммо дастаи Қирғизистон имкони бештар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG