Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав пешниҳоди Пентагонро пазируфт


Вазорати дифои Русия пешниҳоди Пентагон барои ҳамоҳангии амалиёт дар чаҳорчӯби мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар қаламрави Сурияро пазируфт. Генерал-майор Игор Конашенков, намояндаи расмии вазорати дифоъ, ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки ин пешниҳод метавонад амалӣ шавад. Дар ҷараёни мулоқоти намояндагони вазоратҳои дифои Русия ва Амрико рӯзи 7 октябр бояд ҷузъиёти алоҳидаи фаннӣ мушаххас шаванд, афзуд ӯ.

Чанд рӯз пеш Вошингтон аз Маскав хостори ҳамоҳанг кардани амалҳояш дар мубориза бо “Давлати исломӣ” шуда буд.

Русия амалиёти ҳавоӣ дар Сурияро рӯзи 30 сентбяр шурӯъ кард ва эълом дошт, ки фақат ба мавқеъҳо ва муассисаҳои низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” зарба мезанад. Аммо мухолифини мусаллаҳи давлати Сурия, Туркия ва бархе кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ҳадафи Русия кӯмак ба режими Башор Асад дар муқовимат бо ошӯбгарони мухолифи ҳукумат аст.

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов ва раҳбариСарраёсати Ситоди Кулли артиши Русия Андрей Картаполов ахиран аз низомиёни кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико хостанд, ки иттилоъ дар бораи мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурияро дар ихтиёри Маскав гузоранд. Низомиёни воломақом ташреҳ карданд, ки ин иттилоъ барои тарҳрезии зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии русӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG