Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирии Кишинев аз қочоқи маводи ҳастаӣ


Мақомоти полиси Молдавия ҳамроҳ бо мутахассисони ФБР - Бюрои федеролии тафтишот, тайи панҷ соли ахир аз чаҳор талоши интиқоли маводи радиоактивӣ ба гурӯҳҳои тундрави Ховари Миёна ҷилавгирӣ карданд.

Ба навиштаи хабаргузории Associated Press, талошҳо аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноии марбут ба Русия содир шудаанд. Бори ахир моҳи феврали соли равон қочоқбаре боздошт шуд, ки барои цезий, маводе радиоактиве, ки метавонад якбора чанд маҳаллаи як шаҳрро заҳролуд созад, миёни раҳбарони гурӯҳи “Давлати исломӣ” харидор меҷӯст.

Дар гузориши Associated Press, ки рӯзи 6 октябр нашр шуд, омадааст, “бозори сиёҳ”-и маводи ҳастаӣ дар Молдавияро гурӯҳҳои ҷиноии наздик ба КГБ-и собиқ идора мекунанд.

Масъулини полиси Молдавия маводи тафтишотиро дар ихтиёри хабарнигорони амрикоӣ гузоштанд, ки он аз чӣ гуна хатарбор будани ин “бозори сиёҳ” қисса мекунад. Як масъули полис гуфт, ки қочоқбарон ба бемуҷозот мондани худ мутмаинанд, аз ин рӯ ба ин фаъолияти худ идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG