Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи ҳавопаймоҳои Русия ба мухолифони Асад


Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия давр ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои ҳукуматии Сурия мавқеҳои ошӯбгарони мухолифи ҳукумати Димишқро дар ғарби Сурия бомбаборон карданд. Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 7 октябр хабар дод, ки ҳавопаймоҳои русӣ ба чаҳор мавқеъ мухолифон дар вилояти Ҳумс ва се мавқеи дигари онҳо дар Идлиб зарба заданд.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳамзамон бо зарбаҳо нерӯҳои ҳукуматӣ ва нерӯҳои пуштибон аз ҳукумати Башор Асад ба ин мавқеъҳои ошӯбгарон ҳамла карданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, дар бораи қурбониёни ҳамлаҳо, ки назар ба пештара шадидтар буданд, иттилоъе нарсидааст. Раиси созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия Рамӣ Абдул Раҳмон гуфт, барои нахустин бор ҳамлаҳо аз ҳаво бо набарди заминӣ миёни нерӯҳои режими Димишқ ва ошӯбгарон ҳамоҳанг буданд.

Мухолифини мусаллаҳи давлати Сурия, Туркия ва бархе кишварҳои Ғарб Русияро дар дар он айбдор мекунанд, ки ҳадафаш на фақат нобудсозии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, балки кӯмак ба ҳукумати Башор Асад дар муқовимат бо ошӯбгарон аст.

XS
SM
MD
LG