Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Осорхонаи қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон


Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар қароргоҳи худ як осорхонаи навъҳои мухталифи қочоқи маводи мухаддирро ташкил додааст.Ба гуфтаи ин ниҳод, чунин осорхона бесобиқа будааст.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир назди президенти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар ин осорхона 15 навъи қочоқи маводи мухаддир,ки кормандони ин ниҳод мусодира кардаанд, гирдоварӣ шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар осорхона намунаҳо аз қочоқи маводи мухаддир дар пошнаи туфлӣ, даруни китобҳою дандоншуякҳо, дохили телефони мобил ва ғайра гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ин таҷрибадар кишварҳои Осиёи Марказӣ собиқа надошта, бори аввал дар Тоҷикистон истифода шудааст.

Ҳамакнун дари ин осорхона ба рӯйи тамошобинҳо боз шуда, барои ҳар нафар, бахусус, мактаббачаҳо, донишҷӯён, хонаводаҳо ва кормандони идораҳо тамошои ашёи он ҷорлиб хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG