Пайвандҳои дастрасӣ

Сарпечии пойгоҳи 201 аз пардохти қарзи “Обу корез”


Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб аз пардохти 500 ҳазор сомонӣ қарзаш ба Идораи “Обу корез” сарпечӣ кардааст. Сафар Мардонов, як масъули Идораи “Обу корез”-и Кӯлоб 7 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “500 ҳазор сомонӣ қарзи пойгоҳ аз соли 2012 то инҷониб ҷамъ шуда ва онҳо аз супурдани ин маблағ саркашӣ доранд”. Ин аст, ки ба гуфтаи Мардонов, идораи онҳо ба ҳама мақомоти дахлдор дар ин замина муроҷиат карда, аммо то кунун ҳеч натиҷае ба даст наомадааст.

Сафар Мардонов таъкид кард, дар ин сурат охирин ниҳоде, ки онҳо маҷбуранд ба он муроҷиат кунанд, ин додгоҳ аст. “Ба роҳбарияти шаҳр ва ҳатто ба кумитаи амният расонидем, ки аз соли 2012 то ин вақт пойгоҳи 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб 500 ҳазор сомонӣ қарздоранд, вале бо вуҷуди дархостҳои батакрор ҷавобе аз сӯи пойгоҳ шунида намешавад. Ҳатто ба наздикӣ ба роҳбарияти пойгоҳ расонидем, ки об дигар ба шумо дода намешавад ва мо обро маҳкам мекунем, аммо онҳо бо таҳдид гуфтанд, ки чигунае, ки маҳкам мекунед, боз ҳамонгуна боз мекунед!”

Дар ҳамин ҳол, масъулони пойгоҳи низомии 201 – и Русия дар Тоҷикистон аз посух ба ин қазия худдорӣ карда ва гуфтаанд, ки дар ин мавзӯъ танҳо Вазорати дифои Русия метавонад изҳори назар кунад.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон дар 3 шаҳр - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гарнизон дорад. Ин пойгоҳ бо ҳудуди 6000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран нақшаеро эълон кард, ки то соли 2020 то ба 9000 расондани шумори нерӯҳои пойгоҳи 201 ва навсозии таслиҳоти онро дар назар дорад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати Русия замони будубоши пойгоҳи 201-ро ба камияш то соли 2042 тамдид кард. Душанбе, бар асоси он қарордод, аз талаби пули иҷора аз ин пойгоҳ даст кашид ва ба тамоми афсарону аскаронаш аз ҳар навъ таъқиби ҷиноӣ дар қаламрави Тоҷикистон масунияти монанд ба масунияти дипломатӣ дод.

XS
SM
MD
LG