Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон хабар дод. Ба қавли масъулони дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, дар ин чорабинӣ ҳудуди 40 тан аз аҳли фарҳангу ҳунари Белорус иштирок хоҳанд кард. Маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Белорус дар Тоҷикистон шоми 16 октябр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифта, дар чорчӯби он баргузории рӯзҳои кинои Белорус дар толори “Хонаи кино” - и Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон низ дар назар аст. Тоҷикистон ва Белорус - ду кишвари Шӯравии пешин аз равобити хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор буда, дар соли 1997 дар шаҳри Минск сафорати Тоҷикистон ва дар соли 2011 сафорати Беларус дар Душанбе ифтитоҳ шудааст. Нахустин сафари расмии Александр Лукашенко ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2000 сурат гирифта ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ нахустин сафари расмияшро ба Белорус дар соли 2001 анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG