Пайвандҳои дастрасӣ

​Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19), ки дар даври севум ва охирини сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F» тими Молдивро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф шуд. Ин бозӣ шаби сешанбеи 6 октябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури 4 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Бозӣ комилан бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик сурат гирифт. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид. Голҳоро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 25-ум ва Саид Иброҳим дар дақиқаи 33-юм ба ҳадаф расонданд. Шаш голи дигарро Алишери Ҳотам (се гол дар дақиқаҳои 49, 68 ва 79), Эҳсони Панҷшанбе (58), Нуриддин Ҳамроқулов (61) ва Суннатулло Холов (87) заданд.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили дастаи Молдив чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Сафаров (капитан), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 31), Алишери Ҳотам,Эҳсони Панҷшанбе, Мунир Давлатбеков, Нуриддин Ҳамроқулов (Саидҷон Шарифов, 82), Амирҷон Сафаров (Суннатулло Холов, 74).

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мнтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, " ғалабаи имрӯза ба мо ниҳоят зарур буд, зеро ки мо мехостем ба даври ниҳоии мусобиқа роҳхат бигирем. Дар қисми аввали бозӣ мо ҳамагӣ ду гол задем, вале ин моро қаноатманд намекард. Бинобар ин дар қисми дуюм мо суръати бозиро тезондем ва ба бачаҳо таъкид кардем, ки ин ғалаба на танҳо ба даста, балки ба Тоҷикистон зарур аст. Як нафар ҳимоятгари қадбаландро ба хати пеш равона кардем, ки ӯ дар натиҷа се гол зад. Мо ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки барои мо шароитҳои хуб муҳайё каданд, изҳори сипос мекунем . Моро барои тамрину бозиҳои санҷишӣ ба Эрон фиристоданд, ки дар он ҷо таҷрибаи хуб касб карда, маҳорату малакаи бозигаронро баланд бардоштем. Инчунин мехостам ба мухлисони даста, ки моро хеле хуб дастгирӣ карданд, миннатдорӣ баён намоям”.

Отиф Муҳаммад, сармураббии мунтахаби Молдив, ба хабарнигорон чунин иброз дошт: “Чунонки дар оғози мусобиқа гуфта будам , мо бо рақибони пурзӯр рӯбарӯӯ шудем. Бачаҳои мо нисбат ба футболбозони тоҷик аз ҷиҳати ҷисмонӣ заифтар буданд. Онҳо, ки дар ду бозии пешин шикаст хӯрда буданд, рӯҳияашон паст шуда буд. Бинобар ин онҳо дар бозии имрӯза бо чунин ҳисоби бузург мағлуб шуданд”.

Дар бозии дигари даври севуми сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 байни ҷавонони синашон зери 19-сола дар гурӯҳи «F», ки рӯзи сешанбеи 6 октябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, мунтахаби Ироқ бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст овард ва ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ ноил гашт.

Нимаи аввали ин бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, вале кушодани ҳисоб ба футболбозон муяссар нашуд. Дар қисми дувум футболбозони Ироқ ба дарвозаи рақибони худ чаҳор гол зада, аз дарвозаи худ як гол сар доданд.

Голҳои ироқиҳоро Амҷид Аттван (дақиқаи 56-ум), Алаа Аббос (62), Амир Сабоҳ (77) ва Ҷасим Муҳаммад (88) заданд. Як голи баҳрайниҳоро Муҳаммад Ҷасим (90+1) ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ҳамаи шаш бозии сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 дар гурӯҳи «F» мунтахаби Ироқ бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Ироқиҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳ ёфтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дувум шуд ва аз рӯи нишондодҳои беҳтаринаш дар байни дастаҳоиҷойҳои дувумро ишғолкарда ба ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоӣ, ки соли 2016 дар Баҳрайн баргузор мешавад, мушарраф гашт.

Мунтахаби Баҳрайн сарфи назар аз он ки дар сабқати интихобӣ дар ин гурӯҳ бо 3 имтиёз мақоми севумро ишғол кард, ба ҳайси мизбон дар даври ниҳоӣ ширкат меварзад. Мунтахаби Молдив бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

2 октябр (ҷумъа)

Баҳрайн – Молдив – 4:0

Ироқ – Тоҷикистон – 2:0

Голҳо: Алаа Аббос, 3 (1:0). Ҷасим Муҳаммад, 79 (2:0).

Даври 2-юм

4 октябр (якшанбе)

Молдив – Ироқ – 0:5

Тоҷикистон – Баҳрайн – 3:2

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 40 (1:0). Саид Иброҳим, 42 (1:1). Муҳаммад Ҷасим Алӣ Абдулло, 45 (1:2). Қувватбек Равшанбеков, 58 (2:2). Амирҷон Сафаров, 83 (3:2).

Даври 3-юм

6 октябр (сешанбе)

Ироқ – Баҳрайн – 4:1

Молдив – Тоҷикистон – 0:8

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 25(1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 20 (2:0). Алишери Ҳотам, 49 (3:0). Эҳсони Панҷшанбе, 58 (4:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 61(5:0). Алишери Ҳотам, 68 (6:0), Алишери Ҳотам, 79 (7:0), Суннатулло Холов, 87 (7:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ироқ

3

3

0

0

11-1

9

2

Тоҷикистон

3

2

0

1

11-4

6

3

Баҳрайн

3

1

0

2

7-7

3

4

Молдив

3

0

0

3

0-17

0

Аз рӯи натиҷагирии ҳамаи сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни бозигарони синашон зери 19-сола, ки рӯзи сешанбеи 6 октябр баргузор шуданд, ҳамаи 16 дастаи ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии мусобиқа маълум шуданд.

Рӯйхати ҳамаи дастаҳое, ки ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 роҳ ёфтаанд:

1.Узбакистон – ғолиби гурӯҳи «А»;

2.Арабистони Саудӣ – ғолиби гурӯҳи «В»;

3. ИМА – ғолиби гурӯҳи «С»;

4. Қатар – ғолиби гурӯҳи «D»;

5. Эрон – ғолиби гурӯҳи «E»;

6. Ироқ – ғолиби гурӯҳи «F»;

7. Ветнам – ғолиби гурӯҳи «G»;

8. Кореяи Ҷанубӣ – ғолиби гурӯҳи «H»;

9. Чин – ғолиби гурӯҳи «I»;

10. Ҷопон– ғолиби гурӯҳи «J»;

11. Тоҷикистон – байни дастаҳое, ки дар ҳамаи гурӯҳҳо ҷойҳои 2-юмро гирифтаанд, беҳтарин нишондод ба даст овардааст;

12. Австралия – нишондоди дувуми беҳтарин байни дастаҳое, ки дар ҳамаи гурӯҳҳо ҷойҳои 2-юмро гирифтаандх;

13. Тайланд – нишондоди севуми беҳтарин байни дастаҳое, ки дар ҳамаи гурӯҳҳо ҷойҳои 2-юмро гирифтаанд;

14. Кореяи Шимолӣ – нишондоди чоруми беҳтарин байни дастаҳое, ки дар ҳамаи гурӯҳҳо ҷойҳои 2-юмро гирифтаанд;

15. Яман – нишондоди панҷуми беҳтарин байни дастаҳое, ки дар ҳамаи гурӯҳҳо ҷойҳои 2-юмро гирифтаанд;

16. Баҳрайн – мизбони қаҳрамонии Осиё-2016.

Бояд гуфт, ки қаҳрамони феълии Осиё дар байни 19-солаҳо мунтахаби ҷавонони Қатар мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG