Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар интихоботи Луҳанску Донетск


Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина интихоботи баҳсбарангез дар манотиқи таҳти контроли худро то моҳи феврал ба таъхир гузоштаанд. Денис Пушили ва Владислав Дейнего намояндагони “ҷумҳуриҳои мардумии” вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украина рӯзи 6-уми октябр бо нашри баёнияи муштараке гуфтанд, интихоботҳои рӯзи 18-уми октябр ва 1-уми ноябрро то соли оянда ба таъхир андохтанд. Баёнияи мазкур дар Хабаргузории Донетск нашр шудааст ва дар он омадааст, баъди мутолиаи натиҷаҳои мулоқоти сарони Олмон, Фаронса, Русия ва Украина дар рузи 2-уми октябр ба чунин хулоса омаданд, ки интихоботро ба таъхир андозанд. То ин замон ба гуфтаи ҷудоиталабон Украина бояд “нукоти сиёсии” созиши Минскро иҷро карда ва ба ин ду минтақа “мақоми хос” бидиҳад.

XS
SM
MD
LG