Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Доналд Туск ба Иттиҳодияи Аврупо


Доналд Туск зимни суханронӣ дар порлумони Аврупо
Доналд Туск зимни суханронӣ дар порлумони Аврупо

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо мегӯяд, мумкин аст, миллионҳо паноҳҷӯи дигар аз ҷанги Сурия бигурезанд ва бисёре аз онҳо орзуи расидан ба Аврупоро дар сар мепарваранд. Доналд Туск ба вакилони порлумони Аврупо дар шаҳри Страсбург рӯзи 6-уми октябр гуфт, “бар асоси пешбиниҳои Туркия мумкин аст, 3 миллион паноҳҷӯи дигар фақат шаҳри Ҳалаб бузургтарин шаҳри Сурия ва атрофи онро тарк кунанд. Доналд Туск афзуд, “миллион паноҳҷӯ ва муҳоҷири дигар орзуи Аврупоро доранд.” Раиси Шӯрои Аврупо дар ин бора як рӯз баъд аз мулоқоташ бо Раҷаб Тайиб Эрдӯғон раиси ҷумҳури Туркия сӯҳбат кард. Ду тараф рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Брюссел бӯҳрони муҳоҷирону паноҳандагон дар Аврупоро баррасӣ карданд. Айни замон ҳудуди 2 миллион паноҳҷӯ аз Сурия дар Туркия зиндагӣ мекунанд ва даҳҳо ҳазор нафари дигарашон ҳамин сол аз тариқи Юнон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо муҳоҷират кардаанд.

XS
SM
MD
LG