Пайвандҳои дастрасӣ

Кошифони "муаммои нейтрон" Нобел гирифтанд


Ҷоизаи мӯътабари Нобел дар соҳаи физикаро имсол донишманди канадаӣ Артур Макдоналд ва Такаакӣ Каҷита донишманди ҷопонӣ барои кашфиёти навсони нейтронҳо ба даст оварданд. Фарҳангистони Салтанатии Улуми Шветсия рӯзи 6-уми октябр эълон кард, ки таҷрибаҳои ду донишманд нишон доданд, ки нейтронҳо - зарраҳои хурди атомӣ таркиби худро тағйир медиҳанд ва вазн доранд. Ба гуфтаи фарҳангистон, кашфиёти ду олим, “дарки инсонҳоро доир ба таркиби дарунии модда тағйир дод ва барои бардошти инсонҳо аз коинот бисёр муҳим аст.” Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки ду донишманд "муаммои нейтронро боз карданд, ки олимони физика даҳсолаҳо боз сари он андеша доштанд. Такаакӣ Каҷита, мудири Пажӯҳишгоҳи Амвоҷи Кайҳонӣ ва профессори Донишгоҳи Токио, мебошад. Артур Макдоналд ба ҳайси устоди Донишгоҳи Квин дар шаҳри Кингстони Канада кор мекунад. Ҷоизаи 960 ҳазор доллариро байни ду олим тақсим мекунанд ва нишони тилло ва дипломро ҳам дар маросими хоси рӯзи 10-уми декабр дар Осло ба онҳо месупоранд.

XS
SM
MD
LG