Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Сочӣ рафт


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои анҷоми сафари корӣ рӯзи 6-уми октябр ба шаҳри Сочии Русия сафар кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро ёрдамчии президент дар умури робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. То ба ҳол барномаи сафари оқои Раҳмон ба Сочӣ шарҳ дода нашудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир ба Русия дар тобистони соли ҷорӣ ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Уфа баргузор шуд, сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG