Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба Сурия сарбоз мефиристад?


Дар вазорати дифои ИМА аз эҳтимол дур намедонанд, ки нерӯҳои Русия бо ҳадафи ҳимояи артиши президенти Сурия Башор Асад дар он кишвар амалиёти заминиро омода хоҳанд кард. Дар ин бора рӯзи душанбе шабакаи телевизионии CNN бо такя ба ду манбаъ дар Пентагон хабар дод. Ба гуфтаи онҳо, рафтори ахири русҳо дар қисмати ғарбии Сурия далолат бар ворид кардани аслиҳаи заминӣ мекунад. Ин таслиҳот дар минтақаи миёни Ҳумс ва Идлиб, ҳамчунин дар ғарби Идлиб ҷойгир карда шудааст. Дар Пентагон бар ин назаранд, ки амалиёти заминӣ рӯзҳои наздик шуруъ хоҳад шуд. Аз 30 сентябр Русия дар Сурия амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳад. ИМА ва як қатор кишварҳои дигар аз он нигаронанд, ки неруҳои ҳавоии Русия мухолифони ҳукумати Башар Асадро мушакборон мекунад.

XS
SM
MD
LG