Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти сокини Остона барои даъват ба "ҷиҳод"


Дар Остона додгоҳ барои боздошти сокини ин шаҳр, ки ба «таблиғи терроризм ва ангехтани низоъи байнимазҳабӣ» айбдор мешавад, иҷоза дод. Ҳукми боздошти Береханов Б.С. аз сӯйи додгоҳи №2 ноҳияи Сариаркини Остона содир шудааст. Ба иттилои маркази матбуотии додгоҳ Береханов ҷонибдори равияи дар Қазоқистон мамнӯъшудаи салафия мебошад. Вай барои узвият дар «созмони тундгарои мазҳабӣ» ва даъват ба «ҷиҳоди мусаллаҳона» дар хориҷи кишвар, даст доштан дар чанд ҷинояти дигар айбдор дониста шудааст.

XS
SM
MD
LG