Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мунтазири таҳқиқи ҳодисаи Кундуз аст


Шифохонаи Кундуз баъди бомборон. Акс аз MSF

Шифохонаи Кундуз баъди бомборон. Акс аз MSF

Мақомоти Созмони Милал мегуянд, Афғонистон, Амрико ва НАТО ҳамлаи маргбори ҳавоӣ ба шифохонаи дар вилояти Кундузро таҳқиқ мекунанд, аз ин рӯ зарурати таҳқиқи ин ҳодиса аз тарафи Созмон Милал вуҷуд надорад. Бан Ки Мун, дабири кулли созмон, охири ҳафтаи гузашта хостори таҳқиқи “бетарафонаи” ҳамлаҳои рӯзи 3-уми октябр ба шифохонаи созмони Табибони Бидуни Марз шуд, вале сухангӯи ӯ Стефани Дуярич рӯзи 5-уми октябр гуфт, аввал бояд таҳқиқи дигарон такмил шавад. Ӯ гуфт, Созмони Милал хоҳони як таҳқиқи мӯътабар ва шаффофи ҳодиса аст. Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки қазияи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шифохонаи Кундузро таҳқиқ мекунанд, дар натиҷаи он 22 нафар кушта шуданд. Вазорати дифои Амрико гуфт, ки ҳавопаймоҳо бо даъвати нерӯҳои афғон барои маҳви Толибон ба маҳалли шифохона зарба задаанд. Вале созмони Табибони Бидуни Марз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шифохонаро ҷинояти ҷангӣ номида ва нерӯҳои амрикоиро масъули ин ҳамлаҳо хондааст. Табибони Бидуни Марз хостааст, ки ин ҳодисаро як созмони байналмилалии мустақил бетарафона таҳқиқ кунад.

XS
SM
MD
LG