Пайвандҳои дастрасӣ

Новак қимати нафтро дар ҷаҳон боло бурд


Александр Новак, вазири энержии Русия

Александр Новак, вазири энержии Русия

Баъди баёнияи вазири энержии Русия дар бораи ҳузури эҳтимолии намояндагони кишвар дар нишасти ОПЕК, қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафт. Александр Новак рӯзи 3-уми октябр дар форуми иқтисодие дар шаҳри Сочи гуфт, мумкин аст, Русия ва созмони ОПЕК, нишасти мутахассисони ду тарафро баргузор кунанд, чун “Русия омода аст, вазъи ба вуҷуд омада дар бозорҳои нафт ва газро баррасӣ кунад.” Русия ҳамчун яке аз кишварҳои аслии фурӯшандаи нафт дар ҷаҳон бо ОПЕК, созмони кишварҳои аслии тавлидкунанда ва таъйинкунандаи нархи нафт дар ҷаҳон ҳамкорӣ накардааст. Аммо башиддат поин омадани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, даромади Русияро кам ва ҳоли иқтисоди онро бад кардааст. Пас аз баёнияи Александр Новак, қимати нафт дар бозори Лондон 2.3 дар сад боло рафт ва ҳар бушка нафти хоми Брент ба 49 доллару 25 сент расид.

XS
SM
MD
LG