Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони канори рӯдхонаҳо худро хушбахт медонанд, ки дар лаби оби равон ба сар мебаранд. Аммо онҳо намедонанд, ки то расидан ба хонаи онҳо рӯдхона аз куҷоҳо мегузарад.

Ҳар субҳ ба машоми сокинони маҳаллаи Меҳнати ноҳия Ваҳдат ба ҷои насими тоза бӯйи ғализи полоишгоҳи ахлот мерасад. Ин полоишгоҳ ҳанӯз солҳои 60−уми дар дарони шӯравӣ бунёд шудааст ва оби корези кули шаҳри Ваҳдат низ ба ин ҷо меояд. Аммо сокинони маҳаллӣ мегӯянд, бар иловаи қубурҳои корез мошинҳои ахлоткашон низ наҷосатро аз дигар минтақаҳо ба ҳамин ҷо меоранд.

Делер Сафаров сокини маҳаллаи Меҳнат рӯзи 5-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бӯи ғализи ин полоишгоҳ ба садҳо метр дуртар аз ин маҳалла мерасад ва табъи сокинонро хира мекунад. Ӯ мегӯяд, ки мардум борҳо ба мақомот муроҷиат карданд, аммо чораи андешида нашуд. "Дирӯз як экскаватор омада каме ҷуйбор канд, аммо боз ҳам чизе тағйир наёфтаст. Оби ҳавзҳои наҷосат бевосита ба дарё меравад, чунки дастгоҳои тозакунӣ корношоям шудаанд” - гуфт ин сокини Ваҳдат.

Тавре хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам шоҳид буданд, аз канори ҳавзҳои пур аз ахлоти ин мавзеъ як ҷӯйи калон мегузарад ва наҷосатро шуста ба дарёи Элок− яке аз шохобҳои дарёи Кофарниҳон мерезад.

Қад−қади дарёи Элок даҳҳо деҳаву маҳалҳо ҷойгир шудаанд ва сокинони онҳо оби ҳамин дарёро менӯшанд ва барои обёрии полез истифода мекунанд. Аммо Сафаров мегӯянд онҳо, ки ҳар рӯз шоҳиди рехтани оби наҷосат аз полоишгоҳ ба дарёи Элок ҳастанд ба фарқ аз сокинони маҳаллаҳои поёноб аз истифодаи оби дарё парҳез мекунанд.

Комил Ёров, сокини дигар ин маҳалла, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории канори ин полоишгоҳ кор мекунад, мегӯяд, агар мақомот чораи фаврӣ наандешанд, имкони сар задани фоҷеаи экологӣ дар ин минтақа вуҷуд дорад.

“Нимашабҳо мошинҳои ахлоткашон аз ҳар куҷои Душанбе, худи шаҳри Ваҳдат ва дигар минтақаҳо наҷосатро оварда дар ин ҷо мерезанд. Болои ҳавзҳо кушода аст, ҳашароту бӯи ғализаш зиёд аст. Бояд ягон коре кард, вагарна ин оби ифлос метавонад, сокинони поёнобро заҳролуд кунад”- мегӯяд Комил Ёров.

Ин полоишгоҳ дар гузашта ҳудуди 10 гектарро дар бар мегирифт ва ҳавзҳояш бо назардошти афзоиши аҳолии шаҳри Ваҳдат ва атрофи он сохта шуда буд. Аммо дар чанд соли охир мақомоти маҳаллӣ нисфе аз заминҳои ин полоишгоҳро барои сохтмони манзил ва қисми дигарро ҳамчун замини корам ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кардаанд.

Саидмуҳидин Маҳмадаминов, сардори шӯъбаи назорати давлатии истифоди захираҳои об мегӯяд, онҳо аз ҳолати садамавии ин полоишгоҳ огоҳанд ва ба барои ислоҳи вазъият ба мақомоти маҳаллӣ дастур додаанд. "Ҳам ҷамоат ва ҳам корхонаи обу корез 1400 сомонӣ ҷараимабандӣ шуданд. Дар назди муовини раиси шаҳри Ваҳдат масъулон ваъда доданд, ки дар мудатҳои кӯтоҳ вазъиятро ислоҳ мекунанд”- мегӯяд Саидмуҳиддин Маҳмадаминов.

Ба гуфтаи Маҳмадаминов, мақомоти маҳаллӣ бидуни безарар кардани заминҳои ин полоишгоҳ онро ба деҳқонон доданд. Дар ҳоле, ки зироати коштаи деҳқонон низ дар ин мавзеъ ба саломатӣ хатар дорад. Тамоми таҷҳизоти ин полоишгоҳ кӯҳнаю корношоям шудаст ва бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва биноҳои баландошиёна дар шаҳри Ваҳдат, ин полоишгоҳ иқтидори безар кардани ахлоти шаҳро надорад."

Ба таъкиди Маҳмадаминов, ин полоишгоҳ ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад, аммо барои ин кор аз 10 то 14 миллион сомонӣ зарур аст, ки корхонаи обу корези маҳҳалӣ имкони пардохти чунин маблағҳоро надорад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон борҳо духтурон хуруҷи бемории доманаро ба оби ошомиданӣ бастагӣ додаанд. Бори охир мақомот хуруҷуи бемории доманаро дар шаҳраки Ганҷободи канори Душанбе ва ноҳияи Вахш маҳз ба кафидани қубури корез ва ба оби ошомиданӣ ҳамроҳ шудани наҷосату бактерияҳои зараровар марбут карданд.

Ҳоло масъулини Вазорати тандурустӣ аз коҳиш ёфтани шумори беморони домана аз 729 нафар дар соли 2010 то ба 96 нафар дар соли гузаштаи 2014 гузориш медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, агар масъалаи полоишгоҳи маҳаллаи Меҳнати ноҳия Ваҳдат оҷилан ҳал нашавад, хавфи хуруҷи дубораи касалиҳои сироятӣ дар канораҳои Душанбе аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG