Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобелро эълон карданд


Ҷоизаи имсолаи Нобел дар арсаи тиббро Вилям Кампбел, Сатошӣ Омура ва Тю Йу Йу барои саҳмашон дар мубориза ба зидди бемориҳои паразитӣ ва ё ангалӣ ба даст оварданд. Шурои ҷоизаи Нобел дар Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Шветсия рӯзи 5-уми октябр бо нашри баёнияе гуфт, “барандагони имсолаи ҷоизаи Нобел дар шеваҳои дармони баъзе аз бемориҳои қаттоли паразитӣ инқилоб ба вуҷуд оварданд.” Вилям Кампбелл зодаи Ирландия ва Сатошӣ Омура аз Ҷопон барои таҳқиқашон дар заминаи табобати бемориҳои паразитҳои ҳалқашакл ва донишманди чинӣ Тю Йу Йу барои ошкор кардани шеваи нави дармони бемории малярия ва ё табларза ба ҷоизаи Нобел мушарраф шуданд. Се донишманд ҷоизаи 960 ҳазор доллариро байни ҳам тақсим мекунанд. Ҷоизаҳои мӯътабари Нобел дар адабиёт, илм ва сулҳро охири ҳамин ҳафта эълон мекунанд.

XS
SM
MD
LG